Раиси вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чанде аз занону бонувони собиқадорро аёдат кард.
Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла ба манзили Файзӣ Ғафурова, Хосият Зокирова, Шоира Қосимова, Муҳаббат Ҷабборова ташриф оварда, онҳоро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар табрик намуд ва ба ҳар яки онҳо тани сиҳат, иқболи баланд, осоишу оромӣ ва хушбахтиву файзу баракат орзу кард.
Таъкид карда шуд, ки саҳми занон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ назаррас буда, занону модарони арҷманди мо минбаъд низ ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани Тоҷикистони азиз ва некўаҳволии мардум саҳми босазои худро мегузоранд ва бо ҷонибдорӣ аз сиёсати Сарвари муаззами давлатамон пайи сулҳу осоиштагӣ, ободонии кишвар, ҳифзи иттиҳоду ягонагӣ, иҷрои рисолати бузурги хеш – тарбияи инсони комил пайваста ҷидду ҷаҳд хоҳанд кард.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд