Оғози мумфаршкунии кўчаҳои Солеҳ ва Зариф Раҷабовҳо ва Шариф Раҷабови шаҳри Хуҷанд

Субҳи имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба мумфаршкунии асосии роҳи кўчаҳои Солеҳ ва Зариф Раҷабовҳо ва Шариф Раҷабови маҳаллаи “Раззоқ”-и шаҳри Хуҷанд расман оғоз бахшида шуд.

Дар суҳбат бо сокинон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дод, ки бо дастур ва раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Иди Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят бунёди садҳо адад иншооти таъиноташ гуногун бомаром идома дорад.

Итилоъ дода шуд, ки роҳи кўчаҳои Солеҳ ва Зариф Раҷабовҳо ва Шариф Раҷабови шаҳр беш аз 1 километр буда, дар маҷмуъ 3600 метри квадратиро ташкил медиҳад. Фармоишгар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва пудратчии корҳо Идораи роҳсозии шаҳри Хуҷанд мебошад.

Сокмнони маҳаллаи «Раззоқ»-и шаҳр аз ин иқдоми созандаи давлату Ҳукумати мамлакат истиқбол намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки дар канор наистода, бо ҳамраъйии дастҷамъона диёри хешро то 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон обод менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд