Шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Спитамен

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо рафти корҳои саҳроӣ шинос шуд.

Зимни боздид аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия мушоҳида гардид, ки кишоварзон барои истифодаи самараноки замин аз имкониятҳо истифода бурда, барои ҳосили хуб гирифтан меҳнат менамоянд.

Дар ноҳия соли равон дар 3643 гектар гандум кишт шуда буд ва то имрӯз дарави ғалла дар 3000 гектар ба анҷом расонида шудааст. Бо ҷамъоварии ҳосили гандум деҳқонон дар заминҳои холишуда кишти такрорӣ гузаронида, ният доранд, ки дар фаровонии бозори истеъмолӣ саҳми худро гузоранд.

Дар ноҳия ҳамзамон 5800 гектар пахта кишт шудааст, ки ҳини боздид нашъунамои зироат хуб арзёбӣ карда шуд.

Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия барои ҷамъоварии ҳосили пухтарасида ва сари вақт ба роҳ мондани кишти такрорӣ супоришҳо дода, бори дигар таъкид кард, ки бояд замин самаранок истифода бурда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд