Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи "Норд Азия метал" дар ноҳияи Спитамен

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо фаъолияти корхонаи саноатии "Норд Азия метал", ки аз калонтарин корхонаҳои истеҳсоли метал аст, шинос гардид.

Корхонаи мазкур соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда, иқтидори истеҳсолии он 60 ҳазор тонна дар як сол мебошад.

Тавре аснои шиносоӣ иттилоъ дода шуд, дар корхона соли гузашта 35 ҳазор тонна профилу қубурҳои гуногунҳаҷм ба маблағи 270 миллион сомонӣ истеҳсол шудааст. Маҳсулоти истеҳсолшаванда воридотивазкунанда буда, дар соли гузашта илова бар таъмини бозори дохилӣ 300 тонна маҳсулот содирот карда шуд.

Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 12 ҳазор тонна маҳсулот ба маблағи 108 миллиону 500 ҳазор сомонӣ истеҳсол шуда, дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти корхона ташкил гардид. Дар корхона мунтазам барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот таҷҳизоти муосир харидорӣ шуда, дар ҳоли ҳозир истеҳсоли навъи профилу қубурҳо ба роҳ монда шудааст.

Раиси вилоят ба фаъолияти корхона баҳои баланд дода, барои тақвияти иқтидори содиротӣ тавсияҳои судманд дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд