Боздиди Раиси вилоят аз бозори марказии «Панҷшанбе»

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори марказии «Панҷшанбе» боздид карда, бо нархи маҳсулоти ниёзи аввал шинос гардид.

Чуноне мушоҳида гардид, дар растаҳои гуногуни бозори марказӣ маҳсулоти ниёзи аввал ва меваҷоту полезиҳо фаровон буда, сокинон маҳсулоти зарурии худро бо нархҳои мувофиқ дастрас мекунанд. Ҳамарӯза тибқи талабот сабзӣ ва картошкаи барвақтӣ, тарбуз,​ помидору бодиринг, зардолу, шафтолу, гелос ва дигар анвои меваҳо ба бозор ворид карда шуда, пешниҳоди аҳолӣ гардида истодааст. Нон ва маҳсулоти нонӣ, гӯшту тухм, равғану биринҷ, шакар ва шириниҳо низ дар бозор ба таври кофӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

Раиси вилоят барои танзим ва назорати доимии нархҳо ба роҳбарияти бозор ва масъулини идораҳои давлатӣ супоришҳо дод. Тазаккур дода шуд, ки тибқи супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини дастрасии сокинон ба маводи ғизоӣ тадбирандешӣ карда шуда,​ ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар шаҳрҳои саноатӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мешавад.​

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз мақбараи Шайх Муслиҳиддин, ки дар шафати масҷиди марказӣ қарор дорад, боздид намуда, барои тозаву озода нигоҳ доштани мавзеи мазкур супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд