Ҳар сол якшанбеи дуюми моҳи июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи саноати сабук ботантана таҷлил мегардад. Ба ин муносибат ҳамаи кормандони соҳаро шодбош гуфта, тани сиҳату хотири ҷамъ, барори кору рӯзгор ва ноил шудан ба дастовардҳои назаррасро орзу мекунам. Нақши саноати сабук ҷиҳати қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ҳамарӯзаи мардум ва рушди бонизоми соҳаҳои дигари иқтисодиёту иҷтимоиёт шоиста мебошад.
Имрӯзҳо тамоми кормандони соҳа бо меҳнати ҳалолу талошҳои пурсамари худ баҳри пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳм мегузоранд. Татбиқи дастовардҳои нави илму техника дар истеҳсолот, бозсозии хатҳои технологӣ, ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани сифати маҳсулот аз ҷумлаи комёбиҳои назарраси соҳа дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки маҳз рушди соҳаҳои воқеӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон медиҳанд, раванди саноатикунонии босуръати кишвар, ки ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудааст, таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзоянд.
Дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ кормандони соҳа барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани иди касбӣ софдилона заҳмат кашида, ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Итминони комил дорам, ки кормандони соҳаи саноати сабук дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи фаъолият намуда, барои ободии кишвари азиз бо армуғонҳои арзанда истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ғайрати дучанд меҳнат мекунанд.
Кулли кормандони соҳаи саноати сабук ва собиқадоронро ба муносибати иди касбиашон муборакбод гуфта, барояшон умри дароз, саодати зиндагӣ ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно дорам.
Иди касбӣ муборак, дӯстони азиз!