Барои истироҳати сокинон дар тобистон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо вазъи кунунии шиногоҳҳои соҳили дарёи Сир шинос гардид.

Бо фаро расидани тобистон ва гарм шудани ҳаво сокинон дар мавзеъҳои истироҳатӣ, аз ҷумла шиногоҳҳо вақт мегузаронанд. Барои истироҳату фароғати шаҳрвандон дар соҳили Сирдарё ҳамасола шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, дар мавсими оббозӣ таъмини бехатарии сокинон дар мадди назари масъулин қарор дорад.

Раҷаббой Аҳмадзода нахуст аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд боздид карда, ба роҳбарияти он ҷиҳати кӯмаки фаврии шаҳрвандон ва хусусан нафароне, ки ба шиногоҳ меоянду маҳорати оббозиро надоранд, дастуру супоришҳо дод.

Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо таҷҳизоти муосири зудамал таъмин буда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон он харидорӣ карда шудаанд. Дар бахш заврақҳои моторӣ, резинӣ, гидросикли обӣ, киштӣ барои бурдани назорати патрулӣ, автомашинаи махсуси наҷотдиҳӣ, садамавӣ-наҷотдиҳӣ, ғаввосӣ барои бурдани корҳои рӯйи обӣ ва зериобӣ мавҷуд буда, ҳамарӯза 10 нафар кормандони бомаҳорат тибқи нақша фаъолияти навбатдориро ба роҳ мемонанд. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ киштие барои хизматрасонии мардум пешниҳод карда шуд, ки дар як вақт то ба 20 нафар мизоҷон хизматрасонӣ менамояд.

Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд барои вусъатбахшии корҳои ободонӣ, беҳтар намудани шароити шиногоҳҳо, барқарорсозии таҷҳизот барои обу тоби бадан дар минтақаҳои истироҳатӣ супоришҳо дод.

Таъкид карда шуд, ки дар кутоҳтарин фурсат барои истироҳати сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд шароити зарурӣ муҳайё карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд