Таҷлили Рўзи байналмилалии муҳити зист

Шоми 5 июн дар маркази вилояти Суғд —​ шаҳри Хуҷанд бахшида ба​ Рўзи байналмилалии муҳити зист чорабинӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ​ дар назди Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ доир шуда, дар он роҳбарияти вилоят, намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,​ кормандони ташкилоту идораҳо, собиқадорони меҳнат, фаъолону ҷавонон, кормандони сарраёсату шуъбаҳои ҳифзи муҳити зист, меҳмонону сайёҳон аз хориҷи кишвар иштирок доштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар чорабинӣ изҳор дошт, ки ҳамасола дар кишварҳои мухталифи олам Рўзи байналмилалии муҳити зист дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад, зеро дар замони муосир таъмини амнияти экологии ҷомеа аз муҳимтарин масъалаҳои умумибашарӣ ба ҳисоб меравад.

Таҷлили Рўзи байналмилалии муҳити зист инсониятро бори дигар аз мавҷудияти муаммоҳои экологӣ ҳушдор медиҳад.

-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ​ яке аз суханрониҳои худ ба масъалаи муносибати одамон ба табиат ишора намуда, таъкид намуда буданд, ки «инсоният бо муносибати ғайриоқилонаву нодуруст ба сарватҳои табиӣ, аз ҷумла обу хок ва олами наботот ба гаҳвораи ҳастии худ он қадар зарар ворид менамояд, ки оқибатҳои он пешгўинашаванда ва фалокатборанд».

Аз ин лиҳоз, ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки дар перомуни ин масъалаҳои муҳими марбут ба ҳамзистии инсон ​ бо табиат андеша намуда, барои покиза нигоҳ доштани муҳити зист ва сарсабзу хуррам гардонидани муҳити атроф саҳмгузор бошад,- таъкид кард роҳбари вилоят.

Тазаккур дода шуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар миқёси олам ҳамчун кишвари ташаббускори иқдомҳои сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.​ Аз ҷумла 22-юми марти соли 2018 дар Рўзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии кишвари азиз мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.

Гузашта аз ин, 14-уми декабри соли 2022 ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард.

Ин ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим бори дигар Ватани азизамонро дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор муаррифӣ намуд.​

Раиси вилоят ҳамзамон афзуд, ки табиат муҳити муҳими сукунати инсон буда, ба он на танҳо ҳолати саломатии имрўзаи аҳолии рўи Замин, балки ояндаи банӣ башар низ вобаста аст.​ Муносибати инсон ба табиат бояд дар асоси оқилона ва мақсаднок истифода бурдани сарватҳои табиӣ, нигоҳ доштани тозагии ҳаво, захираҳои об, хок, олами набототу ҳайвонот, пурра нигоҳ доштан ва беҳтар кардани муҳити зист ба роҳ монда шавад.

Сокинони меҳнатқарини вилояти Суғд тавассути корҳои ободониву кабудизоркунӣ барои пойдорию субот ва таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд менамоянд, зеро зебоӣ, тозагӣ ва ободонии ҳар як шаҳру деҳот аз худи мо вобаста буда, ба рушду нумўи Ватани азизамон мусоидат мекунад.

Сипас, ба як қатор кормандон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуда, дар охир барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд