Мулоқоти Раиси вилоят бо ҳайати вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россия

Имрӯз, 5 июн​ Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода​ бо ҳайати вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россия, ки таҳти раёсати раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва мубориза бо коррупсия Василий Пискарев ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд.

Дар мулоқоти ҷонибҳо таъкид карда шуд, ки бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин​ робитаи миёни минтақаҳо густариш ёфтааст.​

Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки вилояти Суғд бо​ Нижегород, Свердлов, Челябинск, Оренбург, Саратов, Астрахан, Иваново, Липетск, Воронеж, Красноярск, Алтай, Доғистон ва дигар минтақаҳои ФР​ ҳамкории судманд дорад ва бо иқдоми сармоягузорону соҳибкорони ду тараф як қатор корхонаҳои муштарак фаъолият доранд.

Таваҷҷуҳи меҳмонон ҳамзамон ба иқтидору имкониятҳои вилояти Суғд дар бахшҳои саноату кишоварзӣ ҷалб гардида,​ ​ ҷиҳати​ бунёди корхонаҳои коркард ва бунёди боғҳои интенсивӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Василий Пискарев низ​ хостори тақвияти ҳамкории дуҷониба гардида, илова намуд, ки маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар бозорҳои ФР харидорони худро дорад ва ҷонибҳо метавонанд ҳамкории мутақобилан судмандро тақвият бахшанд.

Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкориҳо ба анҷом расид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд