Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳити зист

Фарорасии​ Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зистро ба тамоми сокинони вилоят сидқан таҳният гуфта, ба ҳамагон хотири ҷамъ, осмони софу беғубор ва ба Ватани азизамон Тоҷикистон сарсабзию шукуфоӣ орзу менамоям.

Таъмини амнияти экологии ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳими умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил намудани​ Рӯзи байналмилалии муҳити зист воситаи беҳтарини ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли башар ба масоили экологӣ мебошад.

Боиси таъкид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва узви конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои экологӣ ба муаммоҳои ҳифзу ҳимояи муҳити зист таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Бахусус, дар даврони истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии​ ​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мушаххаси марбут ба масъалаҳои муҳити зист дар байни кишварҳои ҷаҳон обрӯву нуфузи баландро соҳиб шудааст. Дар ин замина, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои наҷибонаи Пешвои муаззами миллат оид ба эълон намудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» баёнгари таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар ба ҳалли муаммоҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Тавассути Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани қатънома вобаста ба ҳалли масоили обу иқлим ташаббуси саривақтӣ ва таърихӣ буда, ба ин васила ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи манбаъҳои бузургтарини оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад. Зеро пиряхҳо ҳамчун муҳимтарин сарчашмаи тавлидкунандаи об барои табиат ва ҳаёту фаъолияти одамон аҳмияти калон дошта, манбаи асосии захираҳои обӣ мебошанд.

Дар замони муосир тадбирандешӣ вобаста ба ҳифзи муҳити зист яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ба ҳисоб меравад, зеро аз як тараф афзудани шумораи аҳолии курраи Замин аз ҷониби дигар бештар шудани талабот ба маводи ғизоӣ инсониятро водор месозад, ки ба масъалаи оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ, аз ҷумла об, хок ва олами набототу ҳайвонот таваҷҷуҳ зоҳир намояд.

Баробари ин, чунонки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, барои рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ таваҷҷуҳи асосӣ бояд ба ташаккули «иқтисоди сабз» равона карда шавад.

Дар миқёси вилоят мавриди амал қарор додани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат дар заминаи омодагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии иқдомҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат вобаста ба масъалаҳои обу иқлим аз тарафи сокинон ҳамовозии зиёд пайдо намудааст. Бахшида ба ин санаи фархунда силсилаи ташаббусҳои наҷиб амалӣ гардида истодаанд, ки асоси ҳамаи он ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зисти аҳолӣ, беҳтар намудани ҳолати экологии минтақаҳо, ободонии шаҳру деҳот ва вусъати тоза бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ вобаста мебошад.

Бори дигар, тамоми кормандону собиқадорони соҳа ва кулли дӯстдорони табиатро бо Рӯзи байналмилалии муҳити зист самимона муборакбод гуфта, дар фаъолияташон пирӯзиву муваффақият ва зиндагии шоиставу пурнишот орзу менамоям.