Дар Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷамъомад баргузор гардид

Дар Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад доир шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар ҷамъомад хизматчиёни ҳарбиро бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ табрик намуд. Таъкид карда шуд, ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи истиқлолу озодӣ, ҳимояи амнияти давлату ҷомеа нақши босазо мегузорад.

Бо талошу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ бо навтарин яроқу аслиҳа таъмин гардида, барои буду боши хизматчиёни ҳарбӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба тарбияи кадрҳои лаёқатманд таваҷҷуҳ зоҳир шуда, дар ин давра садҳо иншоот бунёд гардид ва дар натиҷа шароити хизмат бамаротиб беҳтар гардид.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба гуруҳи калони хизматчиёни ҳарбӣ нишони сарисинагӣ, сипоснома ва ифтихорномаҳо супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд