Таҷлили Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон

27 майи соли 2023 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муносибати Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки имрӯз ба яке аз санаҳои муҳимтарини таърихи давлатдориамон - таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки аз ҷумлаи рукнҳои муҳимтарини давлатдории мустақили миллии мо мебошад, бисту нуҳ сол пур мешавад.

-Бо шукргузорӣ аз истиқлолияту озодии давлату миллат, фазои орому осудаи кишвар, ваҳдату сарҷамъии мардуми шарифи Тоҷикистон, ки аз баракати онҳо барои ташаккули рукнҳои давлатдории миллӣ, аз ҷумла ҳифзи боэътимоди марзу буми сарзамини аҷдодиамон шароит ва имконияти мусоид фароҳам омадааст, ҳар кадоми Шуморо ба ифтихори 29-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ самимона табрик мегӯям, - изҳор дошт роҳбари вилоят.

Таъкид карда шуд, ки таърихи халқи шарафманду сарбаланд ва бонангу номуси тоҷик пур аз мисолу намунаҳои ҷасорату матонат ва шуҷоату далерии фарзандони ватандӯсте мебошад, ки барои ҳимояи марзҳои сарзамини муқаддаси аҷдодӣ ҷони худро дареғ надошта, ҳар як ваҷаб хоки онро чун неъмати бебаҳо ҳифзу эҳтиёт кардаанд.

Корномаҳои меҳанпарастонаи онҳо барои наслҳои имрӯзу оянда ҳамчун сабақи зиндаву омӯзандаи таърихӣ хизмат карда, хусусан ҳомиёни марзу буми Ватанро водор месозанд, ки рисолати касбии хешро минбаъд низ ҳамчун вазифаи муқаддас дар назди халқу Ватан поквиҷдонона ва садоқатмандона адо намоянд.

Таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон рӯйдоди муҳим дар амри пойдории давлату миллат, ҳифзи амнияти ҷомеа ва ҳимояи марзу буми кишвар ба ҳисоб меравад.

Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷои холӣ, бе ягон базаи моддию техникӣ таъсис дода шуда буд, дар муддати кӯтоҳ ба як воҳиди мукаммали дорои иқтидори мудофиавӣ табдил ёфта, вазифаи пуршараф ва муқаддаси дар наздашон гузошташуда, яъне ҳифз ва ҳимояи марзҳои Ватани маҳбубамонро сарбаландона адо намуда истодаанд.

Имрӯз Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳама намуди яроқу аслиҳа, сару либос, таҷҳизоти алоқа, техникаи ҳарбӣ ва шароитҳои хизматию маишии ба талаботҳои замони муосир ҷавобгӯ таъмин буда, ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватани азизамонро ба таври шабонарузӣ шарафмандона ҳимоя намуда истодааст.

Имрӯзҳо давлату Ҳукумат таҳти сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду таҳкими Қӯшунҳои сарҳадӣ, таъмини шароити мусоиди хизматию маишии сарҳадбонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дидбонгоҳҳои дорои шароити зарурӣ бунёд карда шуда истодаанд. Дар баробари ин, Қӯшунҳои сарҳадӣ бо техникаҳои навтарини ҳарбӣ мусаллаҳ шуда, ҳамасола барои беҳдошти шароитҳои маишии сарҳадбонон чораандешӣ идома дорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ аз ибтидои таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ то имрӯз ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои муосири меъёрии ҳуқуқӣ, таҳкими асосҳои моддиву техникӣ, бунёду азнавсозӣ ва таҷҳизонидани инфрасохтори сарҳадӣ, инчунин омодасозии мутахассисони баландихтисосу касбии соҳа тадбирҳои зиёдро амалӣ намуд ва ин иқдом минбаъд низ роҳандозӣ мегардад. Тадриҷан беҳтар шудани таъминоти хизматчиёни ҳарбӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронидани машқҳои ҳарбӣ боиси рӯз аз рӯз афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон гардида истодааст.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки марзбонон бо хизмати садоқатмандонаи худ дар эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, инчунин дар ҷодаи татбиқи нишондодҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини ягонагии ҳудудиву марзии кишвар, дахлнопазирии он, осоишу амнияти аҳолӣ, баланд бардоштани обрӯю нуфузи байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол тамоми қувва, дониш, таҷриба ва маҳорати хешро сафарбар хоҳанд намуд.

Сипас, дар асоси амри Раиси вилояти Суғд беш аз 20 нафар хизматчиёни ҳарбӣ барои хизматҳои содиқона ва намунавӣ бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонида шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд