Баробари пухта расидани меваҳои шаҳдбор фаъолияти корхонаҳои консервабарорӣ низ тавсеа ёфта, маҳсулот коркард, банду баст ва захираву ба фурӯш гузошта мешавад. ҶДММ «Субҳи Ватан»-и шаҳри Исфара яке аз корхонаҳои муваффақ дар ин самт буда, дар он 60 нафар фаъолият доранд.
Зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти корхона иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи сехҳои ҶДММ «Субҳи Ватан» фаъол буда, ҳоло коркарди зардолу бомаром идома дошта, мева аз боғдорони Конибодом ва Исфара харидорӣ мешавад. Дар мавсими имсола то имрӯз 30 тонна зардолу харидорӣ ва коркард шудааст. Тибқи иттилои муассисон дар корхона бо истифода аз имтиёзҳои мавҷуда 40 намуди маҳсулот истеҳсол гардида, ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад. Дар соли гузашта ба Қазоқистон, Россия, Олмон ва Туркия ба маблағи 10 миллион сомонӣ маҳсулот фиристода шудааст.
Раиси вилоят ба фаъолияти корхона баҳои баланд дода, барои дар оянда боз ҳам фарох намудани доираи фаъолият, зиёд намудани номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда ва воридсозии дастгоҳу таҷҳизоти муосир дастуру маслиҳатҳои муфид дод.
Дар ҶДММ «Субҳи Ватан» коркард ва банду басти меваи хушк низ ҷараён дошта, меваҳои хушки зардолу, себ, нок, тут, олу дар ҳаҷм ва дизайни хоса банду баст гардида, бо тамғаи «Истеҳсоли Тоҷикистон» ба мизоҷон пешкаш карда мешавад. То кунун аллакай 300 тонна меваи хушк коркард ва ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




