Раҷаббой Аҳмадзода Президенти Федератсияи камонварии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид

26-уми май дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи интихоботии Федератсияи камонварии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа қаҳрамони Бозиҳои Олимпӣ, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров, ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Зебунисо Рустамова, котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ, вакилон ва аъзоёни федератсия иштирок карданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо овози якдилонаи ҳозирин Президенти Федератсияи камонварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ба ҳайси муовини Президенти Федератсия интихоб гардиданд.

Раҷаббой Аҳмадзода пас аз интихоб шудан қайд кард, ки таҳти ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар кишвар рушд карда истодааст.

Яке аз намудҳои варзиш, ки аз ниёгонамон ба мо мондааст, камонварӣ мебошад. Камонварӣ навъи варзишест, ки аз қадимулайём гузаштагони мо ба он машғул мешуданд. Бо супориши Пешвои миллат барои аз нав эҳё ва рушд додани камонварӣ ҳоло ҳама корҳои лозима анҷом дода шуда истодааст. 1 –уми апрел дар шаҳри Хуҷанд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонвариро ифтитоҳ намуданд, ки ин боз ҳам барои рушду равнақи ин риштаи варзиш заминагузор хоҳад шуд.

Қайд карда шуд, ки дар шаҳри Душанбе низ чунин мактаби махсуси камонварӣ сохта ба истифода дода мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода дар навбати худ ба вакилон барои дастгириашон миннатдорӣ баён кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд