Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти корхонаи коркарди мева, истеҳсоли афшура, хамира ва нӯшобаҳои мансуб ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сирдарё» шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи «Сирдарё» соли 2009 таъсис ёфта, дар коркарди анвои гуногуни мева ва истеҳсоли маҳсулоти мевагӣ дар бозори истеъмолӣ мавқеи хос дорад.
Муассиси корхона бо роҳандозии хату таҷҳизоти муосири технологӣ, яъне истифодаи оқилонаи иншооти мавҷуда истеҳсоли ҳаҷму номгӯи зиёди маҳсулоти консервӣ аз меваю сабзавотро ба роҳ мондааст.
Дар коргоҳҳои истеҳсолӣ хатҳои технологии муосири истеҳсоли давлатҳои Аврупо, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии халқии Хитой васлу насб гардидаанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба иқдоми соҳибкори ватанӣ дар роҳандозии бомароми чунин корхонаи истеҳсолӣ ва нақши онҳо дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ баҳои баланд дод.
Дар бозори истеъмолӣ рақобатпазирии маҳсулоти корхона собит гардидааст ва дар бозори дохилӣ бо нишони молии «Мерси Баку» мавқеи худро пайдо намудааст.
Соҳибкорону мутахассисон дар баробари сифат, ба банду басту истеҳсоли маҳсулот дар зарфҳои тетрапак ва зарфҳои шишагии ғунҷоишашон хурд ба дизайни ҷолибу хоса таваҷҷуҳ намуда, вобаста ба талаботи харидор шаклу тарзи нави пешниҳоди маҳсулотро ба роҳ мемонанд.
Ба маҳсулоти корхона харидорони хориҷӣ низ таваҷҷуҳ менамоянд ва афшураю нӯшобаҳои мевагии аз нигоҳи экологӣ тоза ба хориҷи кишвар низ содирот карда мешаванд.
Алҳол ҳамарӯза коркарди 20 тонна зардолуи пешпазаки ноҳияи Ашт ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда, бо сифати баланд пешкаши харидорон мегардад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд