Аёдати ҷавонони бемор дар ноҳияи Деваштич

22 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Деваштич ҷавонони бемору ниёзмандро аёдат кард.

Раиси вилоят сокинони Ҷамоати деҳоти Ғазантарак ва Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ Ином Муродов ва Бобоҷони Ғайратро аёдат намуда, онҳоро бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфт.

Таъкид гардид, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилоят мунтазам ба қишри ниёзманди ҷомеа ва беморону калонсолон ғамхорӣ зоҳир карда, онҳоро дастгирӣ менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд