Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Шаҳристон

Дар ноҳияи Шаҳристон соли равон наздик 2400 гектар​ картошка кишт карда мешавад. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагии деҳқонии «Нур» маълумот дода шуд.

Дар хоҷагии деҳқонии «Нур» дар 5 гектар кишту парвариши​ картошка ба роҳ монда хоҳад шуд ва айни замон барои кишт​ замин омода гардида, пас аз ворид намудани озуқа ва шудгори дубораи​ замин кишти картошка оғоз мегардад.

Раиси вилоят​ Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо кишоварзон​ таъкид намуд, ки Пешвои миллат​ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста супориш медиҳанд, ки ҳар ваҷаб замин оқилона истифода гардида, бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ҳосилнокӣ баланд бардошта шавад. Дар ноҳияи Шаҳристон барои бештар намудани майдони кишти картошка имкониятҳо мавҷуд буда, бояд ҳар порча замин пурсамар истифода гардад.

Масъулини Кумитаи идораи замини ноҳия, Раёсати кишовразӣ, раисони ҷамоату хоҷагиҳои деҳқонӣ вазифадор карда шуданд, ки дар самти истифодаи оқилонаи обу​ замин ва бештар кишт намудани картошка фаъолияти худро тақвият бахшанд.Ноҳияи Шаҳристон аз минтақаҳои картошкапарвар ба ҳисоб рафта, деҳқонони соҳибтаҷрибааш ҳамасола ҳосили фаровон руёнида, дар ғанӣ гардидани бозори истеъмолӣ саҳми худро мегузоранд.

Иқлими ноҳияи Шаҳристон барои парвариши ҳайвоноти нодир мувофиқ буда, дар ҷангалзори ноҳия мамнуъгоҳҳои нав бунёд мегардад. Тавре қаблан иттилоъ дода будем,​ дар ноҳияи Шаҳристон бо дастгирии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ташаббуси соҳибкорон​ парваришгоҳи ҳайвоноти нодир ташкил гардида, дар ин мавзеъ 30 сар оҳу​ нигоҳубин карда мешавад. Ҳудуди парваришгоҳ дар марҳилаи аввал 15 гектарро дар бар мегирад ва бо афзоиш ёфтани саршумори ҷонварони нодир масоҳати мамнуъгоҳ низ васеъ мегардад. Маврид ба зикр аст, ки ноҳияи Шаҳристон дорои табибати зебову беназир ва обу ҳавои нотакрор буда, ҳамасола шумораи зиёди сайёҳони дохилу хориҷ ба ин ҷо барои истироҳату саёҳат меоянд.

Ташкили чунин парваришгоҳ, ки дар он ҷонварони нодир нигоҳубин мешавад, ба рушди соҳаи сайёҳӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Зимни суҳбат бо масъулини Хоҷагии ҷангал ва дигар шахсони масъул Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳифзи майдони ҷангал, олами ҳайвоноту наботот ёдовар шуд. Ташаббуси соҳибкор Аҳад Раҳимов, роҳбари ҶДММ «Газнафт» хуш истиқбол гардида, барои зиёд намудани саршумори оҳу тавсияҳои муфид дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд