Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро ба ҷавонони саодатманди вилоят сидқан табрику муборакбод гуфта, тансиҳативу хонаободӣ, иқболи баланд ва дар амалӣ намудани мақсаду ниятҳои нек муваффақиятҳои шоиста таманно менамоям.
Боиси ифтихор аст, ки бо ҳидояту дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар шинохта шуда, ҷиҳати дастгириву пуштибонии насли ояндасоз ва қишри меҳварии ҷомеа таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир карда мешавад. Аз ҷумла, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Консепсияву стратегияи давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа, қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои пайваставу мунтазами Пешвои муаззами миллат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандикуниҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз ва дигар тадбирҳо шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони саодатманди кишвар мебошад.
Иқдому дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат буд, ки имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзанд ва ба хотири ободиву пешрафти кишвари маҳбубамон фаъолона саъю талош меварзанд. Дар ин росто, дар заминаи аз ҷониби Пешвои муаззами миллат эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман!”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат!”, ҷалби ҷавонон ба илм ва азхудкунии техникаву технологияҳои муосир аз вазифаҳои муҳимми масъулин ба шумор рафта, татбиқи пайгиронаи ин ҳадаф омили асосии рушди нерӯи инсонӣ, шарти муҳимтарини пешрафти устувори давлат ва тақвияти иқтидори иқтисодии он мебошад.
Баробари ин, яке аз масъалаҳои мубраме, ки ҳамаи мо нисбати он бояд бо тамоми масъулият ва ҷиддият муносибат намоем, дар қалбу шуури ҷавонон бештар тақвият бахшидани ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ буда, имрӯз ҷавонони мо бояд дар чунин руҳияе ба воя расанд, ки барояшон ҳар пораи хоки Ватан азизу муқаддас бошад ва ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург донанд.
Вобаста ба ин, Президенти кишвар дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 23-юми декабри соли 2022 дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ироа гардид, таъкид намуданд, ки «Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд».
Итминони комил дорам, ки Шумо ҷавонон аз уҳдаи иҷрои вазифаю уҳдадориҳои дар наздатон гузошташуда сарбаландона мебароед ва минбаъд низ кӯшиш мекунед, ки ба нафъи давлату ҷомеа содиқона хизмат намоед.
Бо чунин орзуҳои нек, бори дигар, кулли ҷавонони саодатманди вилоятро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатӣ, иқболи нек ва дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ғайрату матонат ва азму иродаи қавӣ орзу менамоям.
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак бошад!




