Қадршиносӣ аз меҳнати фидокоронаи собиқадори меҳнат Баҳриддин Ахмедов

20 майи соли​ 2023 дар​ толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба 90-солагии собиқадори хизмати давлатӣ, узви​ Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд, Корманди хизматнишондодаи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд​ Баҳриддин​ Ахмедов ҷамъомад доир гардид.​

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар ҷамъомад иброз дошт, ки дар сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ намудани хизматҳои фарзандони барўманд ва хизматнишондодаи Ватан, онҳое, ки бо меҳнати босубот ва фидокоронаи худ дар бунёди ҷомеаи навини кишвар ва рушди соҳаҳои он саҳми равшан гузоштаанд, ҷойгоҳи хоса дорад. Зеро ҳар як амали созандаи мо ин ояндаи худи мо, ояндаи фарзандони мо ва ояндаи наслҳои халқамон буда, давлату ҳукумат дар ҳама давру замон заҳмати фарзандони барўмандашро қадршиносӣ менамояд.

Таъкид карда шуд, ки ҷамъомад​ тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба таҷлили рўзҳои таърихӣ, зодрўзи ходимони давлатию ҷамъиятӣ, адибон ва собиқадорони ҷангу меҳнат дар соли 2023 баргузор гардида,​ ин гуна афрод бо ҷоннисории хоса ва ақлу заковати худ барои ободии диёр ва беҳдошти зиндагии мардум пайваста хидмати шоистаро анҷом додаанд.​

Тазаккур дода шуд, ки фаъолияти Баҳриддин Ахмедов​ ҳамчун омўзгори фанни таърих оғоз шуда, баробари ташкил гардидани вилояти Ленинобод ӯ аввал аъзои ​ кумитаи ташкилии ​ Президиуми Совети Олии Тоҷикистон оид ба вилояти Ленинобод ва сипас депутати Шўрои вилоятӣ аз ноҳияи Ашт интихоб гардид.​

Ҳамин тариқ, 16-уми феврали соли 1971 Сессияи ​ якуми ​ ташкилии Шўрои депутатҳои меҳнаткашони вилоят доир гардида, ​ дар ҳамин сессия мудирони шӯъбаҳо, сардорони идораҳо ва раисони комитетҳо тасдиқ карда шуданд ва Ҳукумати вилояти Ленинобод аз ҳамон вақт ба фаъолияти корӣ шурӯъ намуд.

Баҳриддин Ахмедов​ аз 16 феврали соли 1971 то моҳи ​ июли 1993, яъне дар муддати 23 сол дар вазифаи котиби Кумиҷроияи Шӯрои депутатҳои ​ меҳнаткашони вилоят ​ сарбаландона кор карда, дар рушду пешрафти вилоят нақши арзанда гузоштааст.

Махсусан, хизматҳои номбурда ҳангоми дар вазифаи ​ котиби ​ Кумиҷроияи Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони вилоят фаъолият намудан бевосита дар корҳои ​ ташкилию ​ омодагӣ ва баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои ​ Олии ​ Ҷумҳурии ​ Тоҷикистон​ ниҳоят калон мебошад.

Маҳз дар ҷараёни ин Иҷлосияи тақдирсоз нахустин қарорҳо ҷиҳати қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, сарҷамъ сохтани миллати тоҷик ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ қабул карда шуда, сохти ояндаи давлатдории тоҷикон аввалин маротиба дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ пешниҳод гардид.

Хизматҳои Баҳриддин Ахмедов бо унвони баланди Корманди хизматнишондодаи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ду ордени «Нишони фахрӣ» ва ордени «Дӯстӣ» қадр гардида, мавсуф Шаҳрванди фахрии Хуҷанд, гирандаи нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Шўрои собиқадорони вилоят мебошад.​

Сипас, ҳамкорону дӯстон, ходимони давлатию ҷамъиятӣ сухан гуфта, паёмҳои табрикии худро ироа доштанд.

Собиқадори меҳнат​ Баҳриддин Ахмедов дар охир сухан гуфта, миннатдории самимии худро ба​ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгириҳои доимӣ баён намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд