19 майи соли 2023 дар Кохи фарҳанги “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 150-солагии маорифпарвари тоҷик Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ конференсияи байналмилалии «Бунёдгузори нашри китоб дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
Дар кори конференсия Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, олимону донишмандон аз минтақаҳои гуногуни кишвар ва хориҷи мамлакат иштирок доштанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар конференсияи байналмилалӣ меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки миллати тоҷик аз шумори қадимтарин миллатҳо ва халқҳои тамаддунсози олам буда, ҳамеша бо китоб ва фарҳанги китобдорӣ пайванди азалӣ дошт. Танҳо китоби «Авасто» собит менамояд, ки аҷдоди мо аз қадимулайём баҳри маърифати башар кӯшида, фароҳамсози хазинаи бебаҳои донишу хирад будаанд.
Дар баробари ин, гузаштагони мо дар истеҳсоли коғаз, шаклҳои гуногуни китобат, рангсозӣ, ҷилдбандӣ, муқовасозӣ, саҳҳофӣ, зарнигорӣ, нақшу нигориш, чармгарӣ ва дигар ҳунарҳои вобаста ба китобсозӣ шуҳрат дошта, машҳуртарин коғазҳои самарқандиву хӯқандӣ маҳсули андешаву афкори онҳо буданд.
Дар Хуҷанди бостонӣ низ даҳҳо котибону саҳҳофон дар дӯконҳои худ машғули омода кардани китоб буданд ва аз
маъруфтарин саҳҳоф, яке аз бунёдгузорони нашри муосири китоб, тоҷири китоб Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ ба шумор мерафт, ки аз ҳунару маҳорати ӯ донишмандони Ҳиндустону Афғонистон, Туркияву Арабистон огоҳ буданд.
Раҷаббой Аҳмадзода афзуд, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги миллӣ пайваста рушду равнақ меёбад. Соҳаи китобдорию китобшиносӣ яке аз самтҳои афзалиятноки ҳаёти ҷомеа буда, бидуни китоб зиндагии маънавии инсонҳоро тасаввур намудан имконнопазир аст. Зеро таърихи башарият, пешинаву имрӯзи илму маърифат ҳамеша бо китобу сарчашмаҳои дониш пайванди устувор дорад.
4-уми сентябри соли 2007 аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари гузоштани санги асоси бинои нави Китобхонаи миллӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе ин рӯзи муборак дар тамоми қаламрави кишвар Рӯзи китоб эълон гардид. Ин сана дар Ватани азизи мо ҳамчун иди касбии кормандони китобхонаҳо, ноширон ва дӯстдорони китоб низ таҷлил мегардад.
Дар баробари ин, Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҳимояи асосҳои ҳуқуқии фаъолияти китобхонаҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ»-ро қабул ва тасдиқ намудааст, ки барои пешрафти соҳаи китобдорӣ равона гардидаанд.
Таъкид карда шуд, ки имрӯзҳо дар заминаи фаъолияти донишгоҳҳои олӣ, шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ», нашриёту матбааҳои хусусиву давлатӣ ва донишкадаву донишгоҳҳои вилоят, муассисаҳои илмӣ, Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ ва дигар ниҳодҳои илмиву фарҳангӣ нашри муҳимтарин китобу асарҳо, рисолаҳову монографияҳо, маҷмуаҳо, фарҳангу донишномаҳо сурат гирифта истодааст.
Ҳоло дар вилояти Суғд ба ғайр аз китобхонаҳои соҳаи маориф ва муассисавӣ 362 китобхонаи низоми фарҳанг ҳамарӯза хизматрасонии китобию иттилоотиро таъмин менамоянд. Китобхонаҳо пайваста ва ба таври доимӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо китобҳои тозанашр таъмин карда мешаванд.
-Ҳамаи ин шаҳодат медиҳад, ки дар кишвари маҳбуби мо бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги китобдорӣ рушд намуда, дар ҷодаи оммавигардонии мутолиаи китоб тадбирҳои нек амалӣ шуда истодаанд,-илова намуд роҳбари вилоят.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки таърихшиносону фарҳангшиносон рӯзгору осори бузургони диёрамон, аз ҷумла, Сиддиқхоҷаи Саҳҳофи Хуҷандиро ҳамаҷиҳата омӯхта, барои баланд бардоштани шавқи китобдӯстии наврасону ҷавон, боло бурдани ҳисси ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ, завқи ихтироъкорӣ, забондониву ҷаҳондонӣ, вусъати тафаккуру ҷаҳоншиносӣ ва такмили маънавиёти халқ содиқона хидмат менамоянд.
Сипас, олимону донишмандон вобаста ба мавзуи конференсия суханрониҳо намуданд ва кори конференсия баъди нисфирӯзӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд идома ёфт.
Дар доираи баргузории конференсияи байналмилалӣ ҳамзамон аз рӯи муҷассамаи Сиддиқхоҷаи Саҳҳофи Хуҷандӣ пардабардорӣ шуда, дар Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Маркази тарғиби китоби ба номи Сиддиқхоҷаи Саҳҳофи Хуҷандӣ ба фаъолият оғоз кард.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




