Имрӯзҳо аз вилояти Суғд тариқи қатораҳои роҳи оҳан ва марказҳои логистикӣ содироти маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз ҷумла пиёзи барвақтӣ вусъат меёбад.
Дар минтақаи шафати роҳи оҳани ноҳияи Ҷаббор Расулов 8 маркази содироти маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардидааст, ки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷараёни омодасозӣ ва содироти маҳсулотро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Барои иҷрои корҳо, ба монанди саракунӣ, банду басти маҳсулот ва пур кардани вагонҳо ҳамрӯза зиёда аз ҳазор нафар сокинон бо шуғл ва маоши хуб таъмин гардида, барои соҳибкорону тоҷирон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Содироти пиёзи барвақтӣ аз ин минтақа асосан аз аввали моҳи май оғоз гардида, ба таъкиди соҳибкорон рӯз то рӯз талабот ба пиёз ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат зиёд мегардад. То имрўз 20 ҳазор тонна пиёз содирот гардида, содирот идома дорад.
Имрӯз, ки соҳибкорон ҳаҷми содироти пиёзро ба хориҷи мамлакат зиёд менамоянд, аз пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо, аз ҷумла тахфиф дар арзиши интиқоли бор тариқи қатораҳои роҳи оҳан, хушнуд буда, талош ба он доранд, ки маҳсулоти кишоварзон талаф наёбад ва дар вақти муайяншуда ба харидорони бурунмарзӣ дастрас карда шавад.
Ба таъкиди кишоварзон ва соҳибкорон имсол ҳосили пиёз фаровон аст ва талабгорони ин намуди маҳсулот дар хориҷи мамлакат низ зиёд мебошад.
Барои бе мушкилӣ содирот намудани маҳсулоти кишоварзӣ ситоди вилоятӣ амал карда, дар асоси талаботи бозор ба соҳибкорону тоҷирон ва дар маҷмуъ интиқолдиҳадагони бор дастру маслиҳатҳои муфид дода мешавад.
Тибқи арзёбии коршиносони масоили иқтисодӣ дар вилояти Суғд ҷиҳати тақвияти иқтидори содиротӣ имконият бешар буда, давоми солҳои охир бо ташкили инфрасохтори зарурӣ, марказҳои хизматрасонии логистикӣ ва пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо рушди тиҷорати минтақавӣ таъмин гардид ва имрӯзҳо содироти маҳсулоти саноатию кишоварзӣ аз вилоят ба хориҷи мамлакат афзоиш меёбад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд