Аёдати ҷавонони бемору ниёзманд ба муносибати Рӯзи ҷавонон

Дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт ҷавонони бемору ниёзмандро аёдат намуд.

Раиси вилоят ба оилаи Эралиевҳо ва Ҳамраалиевҳо омада, фарзандони бемори онҳоро аёдат кард ва ба ҷавонон туҳфаҳои идона супорид.

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонони бемору ятим таъкид кард, ки Ҳукумати мамлакат ба чунин наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир менамояд.

Волидони ҷавонон аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи давлат ба роҳбарияти олии мамлакат миннатдорӣ баён намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд