Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт бо сохтмону васлу насби таҷҳизот дар корхонаҳои ҷӯроббофӣ ва ресандагии ноҳия шинос гардид.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръат дар ноҳия сохтмони ду корхонаи нави саноатӣ идома дорад. Корхонаи ҷӯроббофӣ дар Ҷамоати деҳоти Шодоба ҷойгир буда, аз тарафи ассотсиатсияи ҶДММ “Саноати Ашт” бо иқтидори истеҳсоли то 30 ҳазор ҷуфт ҷӯроб бунёд шуда, дар он дастгоҳҳои зарурӣ васлу насб гардидааст ва ба таври таҷрибавӣ истеҳсоли маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Аз ҷониби мутахассисон ба коргарон тарзу усулҳои кор бо таҷҳизот омӯзонида шуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он 150 нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд. Арзиши лоиҳавии корхона беш аз 900 ҳазор доллари ИМА буда, бинои корхона аз сехҳои истеҳсолӣ, ҳуҷраҳои дӯзандагӣ, дарзмолкунӣ, борпеч ва басту банд, анбор, ошхона, ҳамом ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат мебошад.
Дар ҳамин мавзеъ инчунин бунёди корхонаи истеҳсолии ресандагӣ низ идома дошта, он бо харҷи 6 миллион доллари ИМА бунёд ёфта, иқтидори истеҳсолиаш 15 тонна нахи пахта дар як шабонарӯз мебошад.
Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия ва муассисони корхонаҳо барои ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ, васлу насби таҷҳизот, ҷалби сокинон ба кор дастуру супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд