Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Бӯстон боздид намуда, бо рафти бунёди корхонаи саноатӣ ва маркази логистикӣ шинос гардид.
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳри Бӯстон тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст. Аз ҷумла, дар минтақаи саноатии шаҳр аз ҷониби ҶДММ «Мироб Тҷ» сохтмони корхонаи истеҳсоли қубурҳои гуногунҳаҷм идома дошта, маблағи лоиҳавии он 1 миллион сомонӣ мебошад. Ба иттилои муассисон айни замон таҷҳизоти зарурӣ барои истеҳсолот ворид карда шуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона 15 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.
Раиси вилоят барои ба роҳ мондани истеҳсолот, омӯзиши талаботи бозор ва дар оянда ҳарчи бештар истеҳсол намудани маҳсулоти воридотивазкунанда ба масъулин тавсияҳо дод.
Дар заминаи Корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон», ки дар шаҳри Бӯстон ҷойгир аст, маркази муосири логистикӣ таъсис ёфта, ҷойҳои нави корӣ ташкил карда мешавад. Маркази логистикӣ дар якҷоягӣ бо шарикони рушд аз Федератсияи Россия ташкил гардида, тавассути он ҳамлу нақли маҳсулот бо роҳи оҳан ва нақлиёти боркаш ба роҳ монда мешавад.
Маркази логистикӣ бо навтарин таҷҳизоту технологияҳо муҷаҳҳаз гардида, барои нигаҳдории маҳсулоти зудвайроншаванда дар ояндаи наздик насби яхдонҳои калон ба нақша гирифта шудааст.
Раиси вилоят ташкили чунин марказҳои логистикиро ба манфиати кор арзёбӣ карда, барои татбиқи пурраи лоиҳа супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд