16 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон як қатор ҷавонони маъюбу беморро аёдат карда, Рӯзи ҷавононро ба онҳо табрик гуфт.
Дар партави сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбари вилоят дар шаҳрҳои Бӯстону Гулистон, Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷавонони бемор ба аёдат фаро гирифта шуда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.
Раиси вилоят нахуст дар шаҳри Бӯстон маъюби гуруҳи 2 Эҳром Эшонзода ва маъюби гуруҳи 1 Дилором Тӯлиеваро аёдат кард. Дар шаҳри Гулистон маъюби гуруҳи 2 Беҳрӯз Абдулатифзода ва Халичабегим Мирхолова, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маъюби гуруҳи 2 Муродҷон Шарипов, Мирзораҳим ва Маҳина Муъминовҳо, дар шаҳри Хуҷанд маъюби гуруҳи 2 Абӯбакр Файзиматов, маъюбони гуруҳи 1 Нурулло Қосимов ва Суҳроб Аминов ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта шуданд.
Раиси вилоят зимни аёдат таъкид кард, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон, бахусус беморону ниёзмандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ҳар сафари худ ба вилоят ятимону ниёзмандон мулоқот мекунанд ва ин қишри ҷомеа таҳти ғамхории доимии давлат аст.
Волидон ва пайвандони ҷавонон аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд