Ба иштирокчиёни ҳафтаи худидоракунӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят гувоҳнома супорида шуд

15 майи соли 2023 дар толори қабули расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими супоридани гувоҳнома ба​ иштирокчиёни ҳафтаи худидоракунӣ доир гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни супоридани гувоҳнома ба​ иштирокчиёни ҳафтаи худидоракунӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъкид кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон​ чун ба қувваи муҳими ояндасоз ва тамаддунофари кишвар эътимоди қавӣ дошта, барои дастгирии ин қишри пешсафи ҷомеа ва таҳсилу касбомӯзии онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Ҷавонони вилоят низ дар ҷавоби ин ғамхориҳо пайваста мекўшанд, ки бо хониши аъло, иҷрои корҳои таҳқиқотии илмӣ, хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва муҳим аз ҳама, дар тарғибу татбиқи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон пешсаф бошанд ва ба марзу буми Ватан садоқат дошта бошанд.

Таъкид карда шуд, ки ҳамасола баҳри боз ҳам вусъат бахшидани корҳо дар самти тарбияи кадрҳои роҳбарикунанда Қарори Раиси вилоят “Дар ​ бораи ташкил ва гузаронидани Ҳафтаи иштироки донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» ба тавсиб расонида шуда, ба ҷавонони болаёқат имконият фароҳам оварда мешавад, ки дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бевосита ширкат намоянд.

Соли равон аз 130 нафар иштирокчиёни озмун барои интихоби ҷавонон ҷиҳати иштирок дар ҳафтаи худидоракунӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 45 нафар интихоб гардида, давоми як ҳафта дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ, аз муовинони Раиси вилоят то ба мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи Раиси вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иштирок намуданд, ки баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва вусъати малакаи касбии онҳо мусоидат намуд.

-Имрўз шумо ҷавонони азиз бояд ба анъанаҳои миллӣ, мероси бойи фалсафӣ ва фарҳангии халқамон такя карда, бо назардошти арзишҳои маънавӣ ва умумибашарӣ ба солимгардонии маънавиёти ҷомеа бештару беҳтар муваффақ шавед,-иброз дошт роҳбари вилоят.

Дар вазъияти тантанавӣ ба 45 нафар иштирокчиёни ҳафтаи худидоракунӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят гувоҳнома супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд