Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷўён, магистрантон ва аспирантон

15 майи соли 2023​ дар толори қабули расмии​ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят​ маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят барои соли хониши 2022-2023 ба​ донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо донишҷӯёну магистрантон ва аспирантон иброз дошт, ки​ ҷавонони кишвар, аз ҷумла, ҷавонони вилояти Суғд дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи ҷомеа ва пешбурду татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нақши муҳим доранд.​ Таваҷҷўҳ ба фаъолияти ҷавонон ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон имрўз яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, ба фаъолияти ҷавонон, бахусус донишҷўёну магистрантон ва аспирантон дар қаламрави кишвар эътибори бештар зоҳир гардида, иқтидор ва имкониятҳои онҳо барои пешрафти самтҳои идоракунии давлатӣ босамар истифода мегардад.

Таъкид карда шуд, ки​ солҳои охир ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи донишҷўёну магистрантон ва аспирантони фаъолу бомаърифат ва мусоидат барои ташаккули фикриву эҷодии онҳо аҳамияти махсус зоҳир мегардад ва пайваста бо дарназардошти афзудани ҳаҷми музди меҳнати кормандони соҳаҳои таъминоти буҷетӣ зиёд шудани ҳаҷми стипендияҳои донишҷўёну магистрантон ва аспирантон аз муҳимтарин тадбирҳои дастгирикунандаи давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба донишҷўёни аълохон маҳсуб меёбад.

Дар миқёси вилоят ​ алҳол 10 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият мебаранд, ки дар ин муассисаҳо аз рўи 130 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад.

Дар соли хониши 2022-2023 шумораи умумии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят, дар маҷмўъ беш аз 69 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар ҳудуди вилоят 1267 нафар магистрант ва 82 нафар аспирант ба таҳсилу таҳқиқ машғуланд. Аз шумори зикргардидаи донишҷўёну магистрантон ва аспирантон танҳо тавассути дониши аъло ва интизоми намунавӣ 130 нафар донишҷўёну магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят ба гирифтани стипендияи Раиси вилоят аз ҷониби комиссия интихоб ва пешбарӣ шуда, соҳиби стипендия гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд