Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Зафаробод бо вазъи обрасонӣ ва фаъолияти пойгоҳҳои обкашии ноҳия шинос гардид.
Бояд гуфт, ки 11 май дар натиҷаи фишори баланд дар қубури асосии обгузар, ки тавассути он об аз пойгоҳи обкашии "Мирзочӯл 1" дар баландии 100 метр ба пойгоҳи обкашии "Мирзочӯл 2" расонида мешавад, садама ба амал омада, қубур кафидааст.
Бо дастури Раиси вилоят фавран ситоди корӣ таъсис ёфта, барои таъмини обрасонӣ чораҷӯӣ карда шуд. Бо ҷалби мутахассисони соҳа қубури обгузар аз дарун ва берун кафшер гардида, пойгоҳҳои обкашӣ фаъол гардонда шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят ва ноҳия ҷиҳати таъмини фаъолияти мураттаби пойгоҳҳои обкашӣ супоришҳои мушаххас дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд