Дар деҳоти Ҳамробоеви шаҳри Конибодом сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақмаи 48 идома дорад.
Тавре зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, муассисаи мазкур барои таҳсили 240 хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, аз ду ошёна иборат аст. Ҳамчунин дар муассиса толори варзишӣ ва ошхона бунёд карда шуда, барои таҳсили толибилмон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Фармоишгари иншоот Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонии иншооти мазкур аз тарафи бинокрони ҶДММ “Сохтмон” анҷом дода мешавад.
Раиси вилоят дар мулоқот бо сокинон таъкид дошт, ки рушду пешрафти соҳаи маориф таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо ин мақсад дар маҳалҳо лоиҳаҳои хурду бузург амалӣ карда мешавад.
Ҳамзамон ба сохтмончиён ҷиҳати суръатбахшии корҳо, истифодаи масолеҳи хушсифат ва дар муҳлатҳои муайянгардида ба истифода додани иншооти мазкур супориш дода шуд.
Сипас, роҳбари вилоят бо фаъолияти сехи дӯзандагии ҶДММ “Юсуф” шинос шуд. Дар ин коргоҳ асосан дӯхти либосҳои мактабӣ ба роҳ монда шуда, он соли 2020 таъсис ёфта буд. Айни ҳол дар коргоҳ 20 нафар занону духтарон ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд. Дар ин корхона асосан мутобиқ ба фармоиш дӯхти либосҳои мактабӣ ба роҳ монда шуда, ашёи хом бештар аз корхонаҳои нассоҷии ҳудуди вилоят дастрас карда мешавад. Бинои сехи дӯзандагӣ аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, роҳбарияти он нақша дорад, ки дар инҷо сехи пойафзолбарориро низ фаъол гардонад. Барои ин заминаи мусоид фароҳам гардида, дастгоҳҳои муосир харидорӣ ва насб карда мешавад. Баробари ба кор андохтани сехи пойафзолбарорӣ 10 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ ифтитоҳи боз як сехи навро намунаи татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба саноатикунунонии босуръати кишвар ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда арзёбӣ намуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




