Ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар маркази вилоят

5 март бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.

Ин тадбири муҳим дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади таъмини дастрасии мардум ба маҳсулоти хушсифату нисбатан арзон амалӣ гардида, аз тарафи кишоварзон ва корхонаҳои саноатӣ маводи ғизоӣ пешниҳод гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ таъкид намуд, ки барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти нисбатан арзон мунтазам чунин ярмаркаҳо ташкил карда мешавад. Ба масъулин дастур дода шуд, ки дар оянда барои зиёд намудани номгӯи маҳсулоти пешниҳодшаванда чораҷӯӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд