Имрӯз мардуми кишвар бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани азизамон Иди саиди Фитрро таҷлил намуда, намози идро барпо доштанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масҷиди марказии шаҳри Хуҷанд омада, фарорасии Иди саиди Фитрро ба сокинони вилоят табрик намуд.
Қайд карда шуд, ки мардуми вилоят дар моҳи мубораки Рамазон дар баробари анҷом додани фаризаҳои динӣ фаъолиятро дар самти рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва пурнозу неъмат гардонидани дастархони халқ тақвият бахшида, суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, аз ҷумла амалҳои хайру саховат ва бахшандагиро боз ҳам вусъат бахшиданд.
Дар баробари ин, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати давлату Ҳукумат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои созандагию ободонӣ, аз қабили бунёди боғу токзор, кашидани хаттҳои оби нӯшокӣ, таъмиру тармими мактабу кӯдакистон, бунгоҳи тиббӣ, беморхона, китобхона, роҳу пулҳо зиёд гардида, таваҷҷуҳ ба сарфакорона истифода бурдани замин зиёд гардид. Чунин ташаббусҳои инсондӯстона ва иқдомҳои ватандӯстонаи шаҳрвандон ва соҳибкорони ватандӯст қобили таҳсин ва шоистаи дастгирӣ буда, бешубҳа барои ободии кишвари азизамон Тоҷикистон мусоидат менамояд.
-Чунонки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, «дар шароити имрӯза, ки бар асари гармшавии иқлим ва пайомадҳои ногувори он – хушксоливу камобии паёпай бисёр кишварҳои дунё аз норасоии маводи озуқа ва болоравии нархҳо танқисиву азият мекашанд, ҷиҳати бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намудани бозори истеъмолӣ, фаровонии дастархони мардум ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат истифодаи оқилонаву самараноки обу замин ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулот аз ҳар яки мо масъулияти баланд ва заҳмати боз ҳам бештарро тақозо менамояд».
Итминони комил дорам, ки сокинони сарбаланди вилоят минбаъд низ дар рушду шукуфоӣ ва ободии Ватани маҳбубамон заҳмат кашида, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат аз ҳарвақта бештар талош меварзанд, - иброз дошт роҳбари вилоят.
Сокинон пас аз адои намоз барои рушду шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол дасти дуо бардоштанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




