Боздиди Раиси вилоят аз гармхонаи "ММК Агро"

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти гармхонаи "ММК Агро" шинос гардид.

Гармхонаи мазкур аз беҳтарин гармхонаҳои вилоят буда, масоҳати умумии он 5 гектарро ташкил медиҳад. Тавре иттилоъ дода шуд, дар гармхона 40 нафар бо кори доимӣ ва 100 нафар бо кори мавсимӣ ҷалб гардида, айни замон ҷамъоварии ҳосили помидор оғоз ёфтааст.

Мавриди зикр аст, ки парвариши помидор бо усулҳои пешқадами кишоварзӣ ба роҳ монда шуда, маҳсулоти истеҳсолшаванда ба бозорҳои ҷумҳурӣ бароварда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд