Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Иди саиди Фитр дар шаҳри Исфара беморону ниёзмандонро аёдат кард.
Раиси вилоят аз ҳоли Зулайхо Ҳусейнова, ки тарбияи наберагонашро ба уҳда дорад, хабар гирифта, фарорасии Иди Фитрро ба онҳо табрик намуд.
Сипас роҳбари вилоят ба дидорбинии маъюби гуруҳи якум Икромҷон Ҷалилов рафт. Аснои аёдат таъкид гардид, ки давлату Ҳукумати мамлакат қишри ниёзманди ҷомеа ва беморону калонсолонро мунтазам дастгирӣ менамояд.
Ба аёдатшудагон аз ҷониби Раиси вилоят кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




