4 марти соли 2022 дар Қасри Арбоб ба муносибати Рӯзи Модар ҳамоиши бузурги идона баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар чорабинӣ тамоми модарону бонувони вилоятро бахшида ба Рӯзи Модар табрик гуфта, барояшон хушбахтиву иқболи нек, толеъи баланд ва рӯзгори ободу осударо орзу намуд.
-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд, ки модарону хоҳарони гиромӣ тараннумгари зебоӣ, нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат ва идомабахши анъанаҳои неки гузаштагонамон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, падару модар, эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба инсониятро ҷой медиҳанд ва онҳоро чун боғбони насли одамӣ парвариш менамоянд.
Воқеан ҳам, модарон беҳтарин такягоҳ, арзандатарин ҳастии ҳаёт, равшанибахши ҳар як хонадон, қуввату мадори дилҳо буда, боиси ҳамаи афзалиятҳои зиндагӣ, қуввати дилу ҷонанд, ки дар ҳар тапиши дил ба мо ақлу заковат, меҳру муҳаббат, эъҷозу ҳикмат ва хираду сарват мебахшанд,-иброз Раиси вилоят дар оғози суханронӣ ва афзуд, ки дар кишвари азизи мо ҷашни фархундаи Рӯзи Модар бо фарорасии баҳор ва Наврўзи байналмилалӣ тавъам омадааст, ки ин идҳои бузург рамзи некиву саодат, шукуфоӣ, пойдории зиндагӣ ва ваҳдату осоиштагӣ мебошанд.
Қайд карда шуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад. Зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.
Натиҷаи дастгириҳои давлатӣ аст, ки солҳои охир теъдоди занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида, дар рушду инкишоф ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта истодаанд.
Боиси ифтихор аст, ки аз ҳисоби занони вилоят 3 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 186 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 650 нафар вакилони халқи ҷамоатҳо интихоб гардиданд ва ин рақам нисбат ба давраи гузаштаи интихобот зиёд мебошад. Ҳамзамон, аз ҳисоби занони вилоят 1 нафар муовини Раиси вилоят, 1 нафар роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, 2 нафар раиси шаҳр, 15 нафар муовини раисони шаҳру ноҳияҳо мебошанд, ки онҳо дар татбиқи сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон шарафмандона фаъолият мебаранд.
Дар вилоят бештар аз 1 миллиону 392 ҳазор нафар занону духтарон умр ба сар мебаранд ва аз онҳо 19298 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва 1167 нафарашон дар мақомоти давлатӣ фаъолият мебаранд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки 275 нафар бонувони вилоят дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рисолати хешро дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат бо сари баланд иҷро намуда истодаанд.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз нақши занон дар рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, соҳибкорӣ ёдовар шуда, хотирнишон кард, ки дили тавонои модар муҳаббатро мепарварад, рӯҳафтодаву дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо боли парвоз ва нерӯи зиндагӣ ато мекунад. Бинобар ин, мо вазифадорем, ки қадру манзалати занону модаронро ба таври шоиста ба ҷо орем ва дар хотир дошта бошем, ки сарчашмаи бузургии кулли бузургони ҷаҳон модар аст.
-Мехоҳам бо ифтихор изҳор намоям, ки модарону занон ва бонувони кишвари азизи мо бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд, — илова намуд дар охир роҳбари вилоят.
Сипас, аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи ҷолиби консертӣ, ки тараннумгари қадру манзалат ва бузургии занону модарон буд, намоиш дода шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд