Раиси вилоят дар шаҳри Бӯстон ба дидорбинии собиқадорон рафт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифт.

Зимни дидорбинӣ бо собиқадорони соҳаҳои хизмати давлатӣ ва маорифу тандурустӣ - Оқил Оқилов, Светлана Добросмислова ва Сафия Саидова роҳбари вилоят таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳаёту зиндагии собиқадорон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки Оқил Оқилов солҳои зиёд дар вазифаи Сарвазири мамлакат кор карда, саҳми худро дар пешрафти ҷомеа гузоштааст.

Светлана Добросмислова бошад чандин сол дар соҳаи маориф ва Сафия Саидова дар соҳаи тандурустӣ кору фаъолият намуда, саҳми арзандаи худро дар тарбияи насли наврас ва нигаҳдории тандурустӣ гузоштаанд.

Ба аёдатшудагон аз ҷониби Раиси вилоят кӯмакҳои моддӣ расонида шуд ва бонувони барӯманд барои дастгириҳои доимӣ изҳори сипос намуданд.

 

 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд