Дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода машварати корӣ баргузор гардида, корҳои омодагӣ ба кишту корӣ баҳорӣ, раванди обрасонӣ ба мавсими нав ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ таҳлилу баррасӣ гардид.
Дар оғоз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди соҳаи кишовразӣ, истифодаи оқилонаи обу замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва истифодаи тухмиҳои босифат, зиёд намудани майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ ва дар умум ноил гардидан ба дастовардҳои бештар ёдовар шуд.
Масъулин вазифадор карда шуданд, ки дар иҷрои вазифаҳо масъулияти бештар ҳис намуда, аз тамоми имконоти мавҷуда самаранок истифода намоянд. Зимни пешниҳоди ҳисобот муовини Раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо таъкид намуд, ки тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 марти соли 2023 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 658 миллиону 653 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,2 фоизро ташкил мекунад. Соли ҷорӣ дар майдони 174 ҳазору 735 гектар кишти баҳорӣ гузаронида мешавад ва то ба санаи 7 апрел дар майдони 73 ҳазору 796 гектар кишт гузаронида шудааст, ки ин нишондод 42,2 фоизи дурнаморо дарбар гирифта, нисбати соли гузашта 6 ҳазору 832 гектар зиёд мебошад. Соли равон дар майдони 59 ҳазор гектар кишти пахта пешбинӣ гардидаааст.
Раиси вилоят супориш дод, ки дар шаҳру ноҳияҳои пахтакор раванди кишти пунбадона вусъат дода шуда, дурнамои кишт дар кутоҳтарин фурсат иҷро гардад.
Ба иттилои муовини Раиси вилоят соли равон кишти картошка 18 ҳазору 500 гектар, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 27 ҳазор гектар ба нақша гирифта шуда, аз он 1 ҳазору 206 гектараш картошкаи барвақтӣ мебошад.
Дурнамои кишти картошкаи барвақтӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Панҷакент 100 фоиз иҷро шудааст.
Дар машварати корӣ зикр карда шуд, ки яке аз масъалаҳои муҳим ин таъмини киштзор бо оби полезӣ ба шумор меравад. Бо ин мақсад барои саривақт ба мавсими обёрӣ омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасонии вилоят аз ҳисоби буҷети вилоят 11,85 млн.сомонӣ маблағ ҷудо гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини соҳаи кишоварзӣ, идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, шабакаҳои барқӣ супориш дод, ки дар мавсими нави обёрӣ масъулияти бештар ҳис намуда, ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолият қарор диҳанд.
Рушди соҳаи кишовразӣ аз таъмини оби полезӣ сахт вобастагӣ дорад. Аз ин хотир дастур дода шуд, ки сохторҳои дахлдор фаъолияти худро ҳамоҳанг намуда, дар мавсими нав бо омодагии комил фаъолиятро ба роҳ монда, ба дастовардҳои бештра ноил гарданд.
Дар фарҷоми ҷаласа нақшаҳо тарҳрезӣ ва дар назди шахсони масъул вазифаҳо гузошта шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд