Боздиди Раиси вилоят аз «Мактаби Нури Раҳмон» дар ноҳияи Ашт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт бо фаъолияти муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии (хусусӣ) «Мактаби Нури Раҳмон» шинос гардид.

Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии (хусусӣ) «Мактаби Нури Раҳмон» соли 2012 аз ҷониби оилаи Раҳмоновҳо дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст. Муассиса дорои 2 бинои таълимӣ бо фарогирии 24 синфхонаи таълимӣ, 1 синфхонаи компютерӣ (бо 20 адад компютер), 1 синфхонаи лингафонӣ (бо 17 адад компютер), толори варзишӣ, ошхонаи замонавӣ (бо 100 ҷои нишаст) ва китобхона бо 60 ҷойи нишаст мебошад.

Дар муассиса 21 гурўҳи таълимӣ (забони таълим - русӣ) ва 4 гурўҳи таълимӣ бо забони тоҷикӣ мавҷуд буда, дар он беш аз 450 нафар хонандагон таҳсил мекунанд. Ҷомеаи омўзгорони мактабро 35 нафар омӯзгорони варзида ташкил медиҳад, ки аз онҳо 5 нафарашон шаҳрванди Федерасияи Росия мебошанд.

Бояд, қайд кард, ки ҳамасола хатмкунандагони мактаб бо тариқи Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳҳои олии кишвар ва ба донишгоҳҳои олии кишварҳои хориҷӣ дохил мешаванд.

Дар асоси нақшаи корҳои ободонӣ ва сохтмонии муассиса барои соли ҷорӣ сохта ба истифода додани маҷмуаи варзишӣ иборат аз 3 майдонча барои футболи хурд, волейбол ва баскетбол ба нақша гирифта шудааст.

Раиси вилоят ба фаъолияти муассисаи таълимӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати татбиқи пурраи лоиҳаҳо, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас, касбу ҳунаромӯзии хонандагон ба роҳбарияти муассиса супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд