СУҒД:​ Аввалин гуруҳи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд ​

6 апрели соли 2023 аввалин гуруҳи даъватшавандагон дар вазъияти тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд. Ба ин муносибат дар Амфитеатри Қасри Арбоб бо иштироки роҳбарияти вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷавонони фаъол, даъватшавандагону волидони онҳо​ чорабинии бошукуҳ доир гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ иброз дошт, ки дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар ду марҳила даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешавад.​ Зеро, тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд дониста шудааст.

Таъкид карда шуд, ки​ таъмини фазои орому осудаи Ватан ва амнияти ҷомеа аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб гардида, вобаста ба он таълиму тарбия ва рўҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд.

-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, таъкид медоранд, ки “Саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар - Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд”. ​

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилоят «Оиди даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ» дар якҷоягӣ бо комиссияҳои даъватӣ, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолияти худро мунтазам ба роҳ монда, боварии комил дорам, нақшаи пешбинишудаи даъвати баҳории соли 2023-юмро дар ​ мўҳлати муқарраршуда иҷро менамояд,- изҳор дошт роҳбари вилоят.​

Раиси вилоят ёдовар шуд, ки корҳои тарғиботию ташвиқотии дар марҳилаи байнидаъватӣ баргузоргардида боис гардид, ки 1400 нафар ҷавонони ватандўст аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ихтиёрӣ барои хизмат ҳозир шуданд. Аз чеҳраи хандону болида ва рафтори неки ҳар як нафари ҳозиршуда аён аст, ки ҷавонон хизмат кардан барои Модар -Ватанро қарз ва шарафи фарзандӣ медонанд.

Дар зимн роҳбари вилоят​ ба ҳамаи падару модарон барои тарбияи фарзандони ватандўст ва баору шуҷоъ изҳори сипос намуда, ба даъватшавандагон ва муҳофизони шуҷои Ватан дар иҷрои рисолати бар дўш доштаатон муваффақиятҳо орзу кард.

Сипас, комиссари ҳарбии вилоят, даъватшавандагону волидони онҳо сухан гуфта, хизмат ба Ватанро қарзи шаҳрвандӣ ва мактаби тарбияи ҷавонмардони ҳақиқӣ ва муҳофизони ҷонфидои Ватан маънидод карданд.

Дар чорабинӣ ҳамзамон маросими нонгазон сурат гирифта, аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод гардид.​


Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд