Муҳтарам кормандони соҳаи иқтисод!
Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иқтисоддонҳои вилоятро бо иди касбӣ, ки ҳамасола санаи 8 апрел ҳамчун Рӯзи иқтисодчиён таҷлил мегардад, муборакбод намуда, бароятон сиҳатмандии комил, рӯзгори босаодат ва бахту иқболи накӯ таманно менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимияти соҳаи иқтисод, барҳақ, қайд намудаанд, ки «Дар шароити ҳассоси замони муосир ҳадафи асосии давлат, пеш аз ҳама, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути амалӣ кардани ислоҳоти низоми идораи давлатӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти он, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, воридоти технологияҳои пешрафта ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ мебошад».
Боиси таъкид аст, ки саҳми кормандони соҳаи иқтисод дар таъмини рушду нумӯи иқтисодиёти кишвар беандоза буда, вазифаи басо пурмасъулият, яъне ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ бар ӯҳдаи онҳо вогузор гардидааст.
Аз ин лиҳоз, натиҷаҳои фаъолияти кормандони соҳа ва маҳсулнокии фаъолияти онҳо аз рӯи иҷрои сифатнок ва саривақтии нишондиҳандаҳои пешбинишудаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ баҳогузорӣ карда мешавад.
Бо дастовардҳои назаррас ва нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст гардидани соли 2022, инчунин таъмини суботи макроиқтисодӣ дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ далели фаъолияти пурсамари кормандони соҳа ва мардуми сарбаланди вилоят мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят рушди соҳаи иқтисодро аз самтҳои муҳими фаъолият арзёбӣ карда, барои таъмини рушди иқтисодӣ ва тавассути он баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, дар асоси њадаф ва афзалияти њуљљати стратегии кишвар - “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” корбарӣ менамояд.
Маҳз аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардуми кишвар, тањти сарварии Пешвои муаззами миллат нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят афзуда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллї ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатї дар вилоят густариши тоза пайдо менамояд.
Боиси ифтихори миллати тоҷик аст, ки ташаббуси панҷуми Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва аз соли 2025 минбаъд ҳар сол таҷлил кардани санаи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо аз ҷониби Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ карда шуд. Ҳамаи ин ташаббусҳои созанда ба нафъи аҳли башар ва ҳалли мушкилоти вобаста ба об, беҳдошт дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ равона гардида, дар заминаи амалӣ шудани чорабиниҳои пешбинишуда, рушди бонизоми иқтисодиёти ҷаҳон дар заминаи истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ ва густариши иқтисоди сабз таъмин хоҳад шуд.
Бигзор Тоҷикистони азизамон дар радифи кишварҳои мутараққии ҷаҳон ҷойгоҳи худро дарёбад ва саҳми фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар рушди тамаддуни башар беш аз пеш афзун шавад.
Бо њамин орзуву ниятњои нек, бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун Рӯзи иқтисодчиёнро ба тамоми кормандону собиқадорони соња таҳният гуфта, бароятон зиндагии осуда, рӯзгори обод ва дар фаъолияти пурмасъулу бошарафатон барору комёбиҳо орзумандам.
Ҳамеша сарбаланду саодатманд бошед.
Иди касбӣ муборак!