Тадбирандешиҳо баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум

Бо мақсади татбиқи чорабиниҳои вобаста ба панҷсолаи рушди соҳаи саноат, расидан ба ҳафдаи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар ва дар ниҳоят таъмини зиндагии шоистаи мардум дар шаҳри Исфара тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.

Тавре зимни боздиди кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Исфара иттилоъ дода шуд, бо ташаббуси соҳибкорон ва бо мақсади таъмини бекорон бо шуғли доимӣ корхонаи нави пойафзолбарории «Базеб» бунёд гардида истодааст. Бо фаъол гардидани корхонаи нав 50 нафар сокинони шаҳр соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб мегарданд.

Ҳамзамон бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ коргоҳи дӯзандагии «Зебо» низ дар арафаи ифтитоҳ қарор дошта, тибқи нақша дар назар аст, ки дар он 20 нафар занону духтарон ба кор ҷалб карда шаванд. Дар ин коргоҳ либосҳои мардонаву занона ва мактабӣ дӯхта шуда, маҳсулот ба бозори дохилӣ бароварда хоҳад шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода иқдоми соҳибкоронро барои ташкили коргоҳу корхонаҳои нав муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, илова намуд, ки бо истифода аз имкониятҳое, ки аз ҷониби давлат фароҳам оварда шудааст, бояд барои беҳтар намудани шароити зиндагии мардум истифода намоем.

Дар доираи эълон гардидани панҷсолаи рушди соҳаи саноат масъулини корхонаи пойафзолбарории «Исфара Саманд» ва корхонаи «Баракат Исфара» тасмим дорад, ки хатҳои нави истеҳсолиро ворид ва теъдоди ҷойҳои кориро зиёд намоянд.

Чуноне ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, айни замон барои навсозӣ ва васеъ намудани доираи фаъолият дар корхонаи «Исфара Саманд» корҳои таъмиру навсозӣ идома дорад. Дар корхонаи коркард ва банду басти «Баракат Исфара» бошад сехи нави истеҳсолӣ фаъол карда мешавад. Таҷҳизоти замонавӣ барои сехи нав ворид карда шуда, баъди насби он номгӯи маҳсулоти корхона ба 40 адад расонида хоҳад шуд. Роҳбарияти корхона ният дорад, ки истеҳсоли шоколадро низ ба роҳ монда, ҷойҳои кориро боз ҳам бештар намояд. Ҳоло дар ин корхона 100 нафар бонувон кор мекунанд ва дар назар аст, ки 50 ҷойи кории нав ташкил карда шавад.

Раиси вилоят барои иҷрои босифати корҳо ва татбиқи пурраи лоиҳа ба роҳбарияти корхона тавсияҳо дода, фаъолияти ин корхонаро назаррас арзёбӣ кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд