Боздид аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Ашт

Дар ноҳияи Ашт корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома дошта, барои иҷрои корҳо гуруҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сафарбар карда шудаанд.

Зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои соҳилбандӣ иттилоъ дода шуд, ки​ сохтмончиёни соҳибтаҷрибаи маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, сокинон низ дар ин иқдом саҳми арзандаи худро мегузоранд.​ Таваҷҷуҳи асосӣ​ ба мустаҳкам кардани соҳили сою наҳрҳо равона гардидааст, то ҳангоми омадани сел одамон ва амволашон зарар набинанд.

Иттилоъ дода шуд, ки баҳри пешгирии офатҳои табиӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони саховатпеша тамоми тадбирҳо андешида шуда, корҳои соҳилбандӣ дар ҳудудҳои осебпазири ноҳия, аз ҷумла ҷамоатҳои деҳоти Понғоз, Ошоба, Пунук ва Ашт идома доранд.

Бояд таъкид кард, ки ҳамасола дар мавсими баҳору тобистон дар ин мавзеъ ва дар маҷмуъ дар сойи Ашт селҳои нисбатан калон омада, ба хоҷагиҳои шахсии аҳолӣ, роҳу пулҳо ва дигар инфрасохтори мавҷуда хисороти ҷиддӣ мерасонанд. Дар сатҳи зарурӣ ба охир расонидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ имкон медиҳад, ки зарари офатҳои табиӣ пешгирӣ карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд