Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аснои сафари корӣ ба ноҳияи Ашт дар деҳоти Ошобаи ноҳия дар маъракаи кишти пахта иштирок кард.
Тавре маълумот дода шуд, Ҷамоати деҳоти Ошоба аз калонтарин ҷамоатҳои пахтакори ноҳия ба ҳисоб рафта, заркорони ноҳия тасмим доранд, ки соли равон дар 2510 гектар пахта кишт намуда, саҳми худро дар ғанисозии хирмани ноҳия ва вилоят гузоранд. Дар ноҳияи Ашт соли равон 6200 гектар пахта кишту парвариш карда шуда, имрӯзҳо бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ деҳқонон ба корҳои саҳроӣ машғул ҳастанд.
Раиси вилоят якҷо бо пирони рӯзгор ба кишти пахта оғоз бахшида, аз кишоварзон даъват намуд, ки ҳар порча заминро пурсамар истифода намуда, саҳми худро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат гузоранд.
Дар Ҷамоати деҳоти Ошоба ҳамчунин бо иштироки Раиси вилоят дар ҳавзҳои моҳипарварии ҶДММ "Рахшона" барои парваришу нигоҳубин моҳиҳо сар дода шуда, масъулин барои таъмини рушди моҳипарварӣ вазифадор карда шуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




