5 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт аз пойгоҳи обкашии «АНС-2»-и Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия боздид намуд.
Тибқи иттилоъи масъулин соли ҷорӣ барои таъмиру таҷдиди иншооти обрасонии ноҳияи Ашт аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 700 ҳазор сомонӣ ва аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 300 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, ҳамаи пойгоҳҳои обкашии ноҳия аз соли гузашта 15 рӯз пештар ба фаъолият омода гардид.
Дар ноҳияи Ашт заминҳои кишоварзӣ асосан тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ шуда, бо ин мақсад ҳамасола аз ҷониби давлат маблағҳои зарурӣ ҷудо мегардад.
Раиси вилоят зимни боздид таъкид кард, ки омили муҳими фаровонҳосилӣ ин таъмини саривақтӣ бо оби полезӣ ба ҳисоб рафта, масъулини Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ва роҳбарияти ноҳияро зарур аст, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




