Шиносоӣ бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Ашт

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи​ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашти​ вилояти Суғд бунёди як қатор иншооти гуногун ҷараён дорад.

5 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳия сафар намуда, бо рафти бунёдкориҳо дар ноҳия шинос гардид. Тавре иттилоъ дода шуд, дар асоси дастуру ҳидоятҳои​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръат дар ноҳия имрӯзҳо сохтмони корхонаҳои нави​ саноатӣ идома дорад. Яке аз чунин корхонаҳо корхонаи ҷӯроббофӣ буда, дар Ҷамоати деҳоти Шодоба қарор дорад.​ Корхонаи мазкур аз тарафи ассотсиатсияи ҶДММ “Саноати Ашт” бо иқтидори истеҳсоли то 30 ҳазор ҷуфт ҷӯроб ба истифода дода шуда, дастгоҳҳои зарурӣ васлу насб гардидааст. Арзиши лоиҳавии корхона беш аз 900 ҳазор доллари ИМА буда, баробари мавриди баҳрабрадорӣ қарор гирифтани он то 150 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мегарданд.​ Айни замон корхона ба таври таҷрибавӣ фаъол гардида, аз ҷониби мутахассисон ба коргарон тарзу усулҳои кор бо таҷҳизор омӯзонида шуда истодааст.​ Бинои корхона аз сехҳои истеҳсолӣ, ҳуҷраҳои дӯзандагӣ, дарзмолкунӣ, борпеч ва басту банд, анбор, ошхона, ҳамом ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат мебошад.​

Дар ҳамин мавзеъ бунёди корхонаи истеҳсолии ресандагӣ низ идома дошта,​ он бо харҷи 6 миллион доллари ИМА бунёд ёфта, иқтидори истеҳсолиаш 15 тонна нахи пахта дар як шабонарӯз мебошад.​

Раиси вилоят бунёди корхонаҳоро муҳим арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки бо зиёд шудани корхонаҳо​ иқтисодиёти ноҳия пешрафт хоҳад кард ва​ то ба коркарди ниҳоӣ расонидани пахта дар таъмин намудани шаҳрвандон бо ҷойи корӣ мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд