Машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварат муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ иштирок намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар оғоз таъкид кард, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ ба вилоят баён доштанд, масъулинро зарур аст, ки аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.

Сипас, вобаста ба вазъи бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, ҷараёни корҳои саҳроӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, иҷрои нақшаи андозҳо гузориши муовинони Раиси вилоят шунида шуд.

Бо таҳлили вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ роҳбари вилоят барои дар муҳлати муайяншуда ба охир расонидани корҳои саҳроӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ, даъват ва сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо густариши корҳои ободонию созандагӣ сокинони вилоят ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас пешвоз мегиранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд