Имрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинии наврӯзии сокинони маҳаллаи ба номи Қорираҳмат Қурбонови шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, Иди байналмилалии Наврӯзро ба онҳо табрик гуфт.
Раиси вилоят таъкид дошт, ки миллати куҳанбунёд ва фарҳангсолори тоҷик Иди Наврӯзро ҳанӯз аз аҳди давлатдории Ҷамшед истиқбол намуда, бо ифтихори беандоза ва шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн мегирифт.
Дар давраҳои минбаъда Наврӯзи Аҷам ба худ мақоми умумимиллӣ касб карда, бо арзишҳои волояш ба муттаҳидсозии халқҳои ориёинажод ва устувор намудани пояҳои давлатдории онҳо мусоидат намудааст.
Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки мо Наврӯзи имсоларо дар айёме ҷашн мегирем, ки дар саросари кишвари маҳбубамон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору пайкори созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Раиси вилоят аз сокинон даъват кард, ки дар корҳои ободонию созандагӣ беш аз пеш саҳм гузошта, барои шукуфоии Тоҷикистони азиз минбаъд низ талош намоянд.
Меҳмонон аз хаймаҳои наврӯзии сокинони ин маҳалла боздид карда, ба кӯдакону хурдсолон туҳфаҳои наврӯзӣ ҳадя карданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд