16 марти соли 2023 бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом дод.
Дар шаҳри Истаравшан ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону азнавсозии иншооти гуногун идома дорад. Зимни сафар Раиси вилоят дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар маҷмааи хизматрасонии “Шоҳроҳи абрешим” шинос гардид. Чуноне иттилоъ дода шуд, сохтмони маҷмааи бисёрфунксионалии “Шоҳроҳи абрешим” аз тарафи ҶДММ “Мабдаи Нур”, ки фармоишгар ва пудратчии он мебошад, ба роҳ монда шудааст.
Лоиҳаи маҷмааи мазкур аз тарафи ширкати лоиҳакашии “Архиком-К”-и шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Қазоқистон омода шудааст ва дар рафти сохтмон аз ҷониби ширкати мазкур назорати муаллифӣ бурда мешавад. Масоҳати зери сохтмони маҷмааи мазкур 4800м2 мебошад. Дар таҳхонаи маҷмаа тавақуфгоҳи зеризаминии дуошёна мавҷуд буда, барои 150 нақлиёт пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи якуми маҷмаа дар масоҳати 4500 м2 гиппермаркет, ки дар як вақт ба 500 нафар мизоҷ хизмат мерасонад, бунёд мегардад.
Дар ошёнаи дуюм маркази савдо ва хизматрасонӣ, аз ҷумла мағозаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва армуғонҳои сайёҳӣ, нуқтаи хизматрасонӣ ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба роҳ монда шуда, қаҳвахона, ошхона, кинотеатр, нуқтаҳои хизматрасонӣ ташкил мегардад, ки дар он зиёда аз 70 нафар мутахассон бо кори доимӣ фаро гирифта мешаванд.
Дар ошёнаи сеюм маркази варзишӣ-солимгардонӣ, ки дорои толорҳои машқу тамрин барои 100 нафар дар як вақт, SPA бо ҷойгиркунии бассейн бо дарозии 25м Х 12м, ҳаммомҳои туркӣ, финӣ, русӣ, бо толори умумии дамгирӣ бо ҷойгиркунии 80 кат, толорҳои маҳсӣ ва дигар намуди воситаҳои солимгардонӣ бунёд карда мешавад.
Сипас, роҳбари вилоят сохтмони Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомониро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Лоиҳаи боғ бо фармоиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан аз ҷониби ҶДММ “Кохи сафед”-и шаҳри Душанбе таҳия гардидааст. Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар ҳудуди Муассисаи давлатии таълим ва истироҳати шаҳр дар масоҳати наздик 3 га бунёд карда хоҳад шуд.
Корҳои сохтмонӣ айни замон оғоз ёфта, ҷиҳати тахту ҳамворкунии ҳудуди боғ тақрибан 3000 метри куби хок ва қуму шағал рехта шудааст. Тибқи лоиҳа дар маркази боғ муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ бунёд мегардад.
Бо мақсади рушду нумӯи фарҳанги миллӣ ва баҳри боз ҳам ободу зебо намудани шаҳри Истаравшан бо дастгирии роҳбарияти вилоят ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳакимияти давлатии вилояти Суғд ҳамзамон сохтмони қасри фарҳанги шаҳр низ идома дорад.
Корҳои сохтмонии Қасри фарҳанг борои 1000 ҷойи нишаст дар хиёбони Исмоили Сомонӣ аз ҷониби пудратчӣ Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оғоз гардида, айни ҳол корҳои гаҷкорӣ, пардоз ва рангубори бино ба иҷро расида истодааст.
Раиси вилоят пас аз шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо, истифодаи унсурҳои санъати меъмории миллӣ, сарсабзу хуррамгардонии ҳудуди иншооти бунёдшаванда ба роҳбарияти шаҳр супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд