Раҷаббой Аҳмадзода кормандони мақомоти прокуратураро бо иди касбиашон табрик намуд

14 марти соли 2023 ба муносибати​ Рўзи кормандони мақомоти прокуратура ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода​ кормандони Прокуратураи вилояти Суғдро бо иди касбӣ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд табрик​ гуфта, ба кулли кормандони мақомот ва собиқадорони соҳа​ саломатӣ, рўзгори обод ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно намуд.

Қайд гардид, ки мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияти он ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст.

Бо дастгирии давлату Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар маҳалҳо ба кормандони мақомоти Прокуратура барои пеш бурдани фаъолияташон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.​ Ғайр аз ин, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, беҳдошти сатҳи иҷтимоии кормандони сохтор, бунёди манзилҳои зист ва тақсими замин барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ амалӣ шуда истодааст.

-Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мақомоти прокуратура дорои неруи бузурги кадрӣ ва сифатҳои баланди ахлоқиву касбӣ буда, қодиранд вазифаҳои худро сарбаландона иҷро намоянд».​

Кормандони мақомоти Прокуратураи вилояти Суғд дар фаъолияти худ дар самти назорати волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, беҳтару хубтар ба роҳ мондани мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, мустаҳкам намудани қонуният, баланд бардоштани сатҳи тарбия ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон саҳми арзандаи худро ​ гузошта истодаанд,-иброз дошт Раиси вилоят.​

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон афзуд, ки меҳнати пуршараф ва талошҳои шоистаи ҳар як корманди мақомот ​ дар ин ҷода аз ҷониби ҷомеа ба хубӣ эҳсос гардида, борҳо аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудааст.​

Сипас, барои хизмати содиқона, саҳми арзанда дар таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва бахшида ба​ Рўзи кормандони мақомоти прокуратура ба беш аз 20 нафар кормандони мақомот Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд