Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи муштараки "Зарафшон"

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти​ корхонаи муштараки «Зарафшон» шинос гардида, бо масъулин машварати корӣ баргузор намуд.
Дар машварат таъкид карда шуд, ки бо дастгириҳои​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти корхона тавсеа ёфта, айни замон бунёди​ корхонаи истеҳсоли мис бо харҷи 120 миллион доллар идома дорад, ки дар он 200 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.
Дар ҷасалаи корӣ таваҷҷуҳ асосан ба масъалаи зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, тамдиди муҳлати иҷозатнома, бунёди корхонаҳои нав, мутобиқ намудани полоишгоҳ ва таъмини бехатарии муҳити зист равона гардид. Ҳамзамон вобаста ба саҳми корхона дар ободонии маҳал ва бунёди иншооти иҷтимоӣ дар назди масъулин вазифагузорӣ карда шуд.
Раиси вилоят бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи муштараки «Зарафшон» ва бунёди корхонаи истеҳсоли мис низ шинос шуда, барои дар муҳлати пешбинишуда ба охир расонидани корҳои сохтмонӣ супоришҳо дод.
Ёдовар бояд шуд, ки корхонаи муштараки «Зарафшон» азимтарин корхонаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти саноатӣ дар соҳаи саноати коркарди маъдани ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Саҳми ин корхона дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ назаррас буда, бо маблағгузории «Зарафшон» иншооти гуногуни иҷтимоӣ низ бунёд мегардад.
 
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд