Шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Панҷакент

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо лоиҳаи бунёди ҳавзҳои моҳипарварӣ ва азхудкунии заминҳо дар соҳили дарёи Зарафшон шинос гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, аз ҷониби "Корпоратсияи моҳии тоҷик" дар 10 гектар ҳавзҳои моҳипарварӣ ташкил карда мешавад. Бунёди ҳавзҳо оғоз ёфта, дар назар аст, ки парвариши навъҳои гуногуни моҳӣ ба роҳ монда шавад.

Дар идомаи тадбирандешиҳо дар самти азхудкунии заминҳо дар Панҷакент 100 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда хоҳад шуд. Азхудкунии заминҳо имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзун мегардад.

Раиси вилоят барои татбиқи лоиҳаҳо ва кишту парвариши зироат ва истифодаи самараноки замин ба роҳбарияти шаҳр супоришҳо дод.

Дар идомаи сафар роҳбари вилоят бо фаъолияти як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуда, ба кишти картошкаи барвақтӣ оғоз бахшид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд